Ссылки доступа

«Гитлер»-и ӯзбек дар фасодкорӣ айбдор мешавад


Ҳокими собиқи вилояти Тошканд Аҳмадҷон Усмонов дар сӯйистифода аз вазифа, хешутаборбозӣ дар интихоби кадрҳои нав ва ҳамчунин дар порагирӣ айбдор дониста мешавад.

Намояндаҳои мақомоти ӯзбек хабар медиҳанд, ки Аҳмадҷон Усмонови дар ҳафтаи гузашта боздоштшуда дар боздоштгоҳи Идораи амнияти миллии (ИАМ) Ӯзбекистон бозпурсӣ шуда, зидди вай парвандаи ҷиноӣ дар миёнаи моҳи феврал боз шудааст.

Усмонов аз вазифаи ҳокими вилояти Тошканд 4 феврал барканор шуда, сипас аз курсии вакилӣ дар шӯрои вилоятӣ низ маҳрум гашт ва матбуоти Ӯзбекистон аз интиқодҳои президент Ислом Каримов нисбати ӯ ёдовар шуд.

Усмонов аз соли 2006 то соли 2013 раҳбарии вилояти Андиҷонро ба ӯҳда дошт ва сокинони ин вилоят ӯро барои бераҳмиҳои зиёдаш «Гитлер» унвон карда буданд.

XS
SM
MD
LG