Ин мазҳакабоз, ки озмунро ровигӣ мекард, дар саҳна бадоҳатан, Putin, Putout хондааст. Ин ду ибораи англисист, ки баргардони таҳтулафзиаш "гузоштан" ва "гирифтан" мешавад.
Дар як навори видеоӣ мазҳакабоз дар "сирки Путн" нақшофарӣ мекунад: аспсаворӣ мекунад, палангро шикор мекунад ва бо низомиён, раққосаҳо, духтарони дорои либосҳои амсоли гуруҳи Pussy Riot мерақсад ва ба футболбозон корти сурх медиҳад.
Дар ин суруд Слаконя аз забони Путин месарояд, ки президент будан дар калонтарин кишвари ҷаҳон чӣ хуб аст.
Клемен Слаконя узви гуруҳи Театри миллии "Драма"-и Словеня аст. Вай баъди ширкат дар барномаи телевизионии "Хри-Бар" дар соли 2007 шуҳрат пайдо кард.