Ссылки доступа

Киев: дар ҷангҳои Донбасс 2,6 ҳазор низомии украинӣ кушта шуданд


Дар натиҷаи ҷангҳо дар Донбасс беш аз 2600 низомии украинӣ кушта ва беш аз 9 ҳазор захмӣ шудаанд.

Дар ин бора дар баёнияи вазорати корҳои хориҷии Украина дар робита ба иҷрои тавофуқоти Минск гуфта шудааст.

Танҳо дар ду моҳи охир мавзеъҳои низомиёни украинӣ 1500 бор аз тарафи ҷудоихоҳон тирпарронӣ шуданд, ки дар натиҷа 12 низомӣ кушта ва беш аз 150 нафар захмӣ шудаанд, омадааст дар баёния.

Киев ҳамчунин Москваро дар он гунаҳгор кард, ки зери фармондеҳии афсарони рус дар Донбасс артиши чиҳилҳазорнафарӣ таъсис ёфтааст. Ин нерӯ бо аслиҳаи замонавӣ, аз ҷумла тӯпҳои калонҳаҷм, шабакаи реактивии тӯппаронии ҳамзамон, таҷҳизоти алоқаи махфишуда ва назоратӣ муҷҷаҳаз шудааст. Ин артиш 470 танк, 870 зиреҳпӯш, 450 низоми тӯппаронии мушакӣ дар ихтиёр дорад, зикр карданд дар вазорати хориҷии Украина. Ба эътиқоди ҷониби украинӣ, Русия ҳамчунин «аз навъҳои мамнӯи аслиҳа ба монанди мушакҳои дорои қисмати таркандаи хӯшаӣ ва минаҳои зиддинафарӣ истифода мекунад».

Амалиёти низомӣ дар Шарқи Украина аз баҳори соли 2014 идома дорад. Москва борҳо эълон кард, ки Русия ҷониби даргир дар Донбасс нест ва дар ин минтақа нерӯҳои русӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG