Ссылки доступа

Дар Қазоқистон Рӯзи шукргузорӣ таҷлил мешавад


Рӯзи шукргузорӣ, ки бори аввал ҷашн гирифта мешавад, бо ташаббуси президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев вориди тақвим шудааст.

Моҳи апрели соли 2015 дар Анҷумани мардумони Қазоқистон (АМҚ) Назарбоев пешниҳод кард, ки ҳамасола 1 март Рӯзи шукргузорӣ таҷлил шавад. Дар ин рӯз -- 1 марти соли 1995 АМҚ таъсис шудааст. Назарбоев мегӯяд, ин сана бояд ба рӯзи "сипосгӯии ақаллиятҳои миллӣ ба қазоқҳо, ки меҳрубонӣ карда, ин қавмҳоро мисли наздикони худ пазируфтаанд, табдил шавад". Бо пешниҳоди ин сана Назарбоев гуфт, Қазоқистон дар асри гузашта садҳо ҳазор ихроҷшудагон, муҳоҷирони иҷборӣ ва афроди дигарро пазируфтааст.

Дар ин рӯз дар он кишвар чорабиниҳои зиёде дар назар дошта шудааст. Дар Остона бо иштироки Назарбоев "чорабинии ҷашнии бахшида ба Рӯзи шукргузорӣ" дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин интизор меравад, ки президенти Қазоқистон бо усқуфи Остона ва Қазоқистон Александр мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG