Ссылки доступа

Дар Қирғизистон таҳқиқи "марг ҳангоми боздошт"-ро талаб мекунанд


Кормандони Академияи давлатии тиббии ба номи И. Охунбоеви Бишкек бо муроҷиат ба ҳукумат хостори таҳқиқи қазияи ҳамкори худ шуданд, ки ҳангоми боздошт аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 26 феврал фавтидааст.

Абибила Пазилов, сухангӯи Академияи давлатии тиббии ба номи И. Охунбоев мегӯяд, қонуншинканӣ ҳангоми боздошти корманди ин ниҳод Абдикарим Гапаров сабаби марги ӯ шудааст.

- Барои боздошти вай беш аз даҳ нафар омаданд. Гӯиё онҳо террорист ё ҷинояткори хатарнокеро боздошт мекарда бошанд. Ҳарчанд мо барояшон гуфтем, ки вай бемор аст, аммо онҳо касеро иҷозаи ворид шудан ба утоқ надоданд ва ба ин тартиб муқаррароти боздошт ва кофтукобро дағалона вайрон карданд. Ин амалкарди онҳо боиси марги инсон шуд. Онҳо ба шахси бемор кумаки аввалияи тиббӣ нарасониданд ва ҳатто нагуфтанд, ки вай ба ёрӣ ниёз дорад. Баъд аз он, ки инсон фавтид, онҳо саросемавор рафтанд ва ҳатто ҳуҷҷатҳоро нишон надоданд.

Дар ҳамин ҳол, таҳқиқи фавти Абдикерим Гапаров, раиси дастгоҳи Академияи давлатии тиббии ба номи И. Охунбоев ба ҳангоми боздошташ аз сӯи маъмурони КДАМ-ро Додситонии кул якҷо бо додситонии ноҳиявии Октябр ва бахши милитсияи ин ноҳия анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG