Дар ин бора роҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Агора" Павел Чиков дар Facebook хабар додааст.
Тирамоҳи соли 2014 дар шарҳҳои гуруҳе дар "ВКонтакте" Краснов навишт, ки "Худо вуҷуд надорад" ва Библия (Инҷил) "маҷмуаи афсонаҳои яҳудист". Барои ин навиштаҳо ду иштирокчии баҳсҳои интернетӣ аз болои Краснов ба пулис шикоят бурдаанд, хабар медиҳад Павел Чиков.
4 феврал суд ба баррасии парвандаи Краснов пардохт, аммо ҷабрдидагон ба додгоҳ ҳозир нашуданд. Додгоҳ дастур дод, ки онҳо дар баррасии навбатии парванда ҳозир шаванд.
Дар охири соли 2015 Кумитаи тафтишотии Русия алайҳи Краснов бо моддаи таҳқири эҳсоси диндорон айб эълон кард. Агар ин айб исбот шавад, Красновро ҷарима ва ё то 3 сол зиндон таҳдид мекунад.