Ссылки доступа

Аз Донетск ба Русия ҷасади 15 сарбозро оварданд


Аз Донетск ба Русия ҷасади 15 низомии руси дар Донбасс кушташуда фиристода шуданд.

Рӯзномаи "Украинская правда" бо истинод ба Сарраёсати иктишофии вазорати мудофиаи Украина менависад, ҷасадҳо аз морг ё сардхонаи бемористони вилоятии Донетск 4 марта берун бурда шудаанд.

Идораи кашфи Украина низ хабар дод, ки дар минтақаи забтшудаи Донбасс вазифаи "фармондеҳии бригадаи 3-уми ҷудогонаи тирандози сарнишинро (Горловка) генерали касбии рус Игор Тимофеев ишғол мекунад". Вай дар Украина зери номи хонаводагии Соколов фаъолият мебарад.

Русия ширкат дар ҷангҳои шарқи Украина ва ҳимояти ҷудоихоҳони ин минтақаро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG