Ссылки доступа

Назарбоев ширкат дар интихоботро гарави ҷалби сармоя номид


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ваъда дод, ки агар интихобкунандагон ба ҷонибдории ҳизби "Нур Отан" овоз диҳанд, ислоҳотро дар кишвар идома медиҳад.

Назарбоев ҳамзамон раиси ҳизби "Нур Отан" аст.

- Ин хеле муҳим аст, ки ҳамаи шаҳрвандон ба интихобот ҳозир шаванд ва барои субот, ваҳдат ва созандагӣ раъй диҳанд. Ҳамаи мо медонем, ки фаъолияти ҳизби "Нур Отан" ба ҳамин самт равона шудааст, - гуфт Назарбоев.

Президенти Қазоқистон ҳамзамон афзудааст, сатҳи баланди иштироки мардум дар интихоботи порлумонӣ мавҷи сармоягузориро ба кишвар таъмин мекунад.

- Иштироки ҳар кадом шаҳрванд барои Қазоқистон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти зиёд дорад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Қазоқистон муттаҳид аст, мардумаш муттаҳид аст. Мардум порлумонеро интихоб мекунанд, ки кишварро ба пеш мебарад ва дар ин сурат сармояҳои хориҷӣ ба кишвари мо меоянд ва мо иншооти нав месозем, - гуфт Назарбоев.

Интихоботи ғайринавбатии парлумонӣ дар Қазоқистон 20 март баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG