Ссылки доступа

Додгоҳ аризаи шикоятии блогнависро рад кард


Мушовараи таҷдиди назари додгоҳи вилояти Ҷамбул аз қонеъ кардани аризаи шикоятии блогнавис Ермек Тайчибеков худдорӣ кард. Додгоҳ қарор кард, ки ҳукм бетағйир боқӣ монад.

Судя Светлана Яковлева эълон кард, ки қарори мушовара ба таври хаттӣ 24 март таҳия шуда ва аз ҳамон рӯз ба ҳукми иҷро медарояд.

Ёдовар мешавем, Ермек Тайчибекови 38-сола, блогнависи машҳури русгаро 11 декабри соли гузашта бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Кордай бо айби барангехтани низоъ тавассути матлабҳояш дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба чаҳор соли зиндон маҳкум шуд. Ҳоло вай дар боздоштгоҳи шаҳри Тироз нигаҳдорӣ мешавад.

Тайчибеков иддао дорад, ки дар амалҳои худ нишонаи ҷиноятро намебинад ва парвандаашро дорои ангезаи сиёсист. Вай аз додгоҳи таҷдиди назар хоҳиш мекунад, ки ҳукми додгоҳ нисбати ӯ тағйир дода шавад.

XS
SM
MD
LG