Ссылки доступа

Обама аз Путин даъват кард, ки Савченкоро озод кунад


Президенти ИМА Барак Обама дар суҳбати телефонӣ бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин аз ҳамсуҳбаташ хост, ки сарбози зиндонии украинӣ Надежда Савченкоро озод кунад.

Дар ин бора хабаргузории “Интерфакс” бо истинод ба сухангӯи сафорати ИМА дар Москва Уилл Стивенс навиштааст. “Обама аз Путин даъват кард, ки Савченкоро бар асоси созишҳои Минск озод кунад. Зеро ин созиш озод кардани нафарони ғайриқонунӣ боздоштшударо пешбинӣ кардааст”, - иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханони дипломати амрикоӣ.

Сухан аз суҳбати телефонии 14 март, аз рӯзест, ки Путин дастур дод, нерӯҳои аслии Русия аз Сурия бароварда шавад.

Қарор аст додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростови Русия 21 ва ё 22-уми март ҳукми Надежда Савченкоро эълон кунад. Савченко дар ҳамдастӣ дар қатли ду хабарнигори рус дар наздикии Луганск дар тобистони соли 2014 айбдор мешавад.

Вай ин айбро рад мекунад. Додситонӣ барои Савченко ба 23 соли зиндон талаб кард. Ҳимоятгарон мехоҳанд, ки вай комилан бегуноҳ дониста шавад. Дар Украина, Русия ва кишварҳои дигар иқдомҳо барои озодии фаврии Савченко баргузор мегардад.

XS
SM
MD
LG