Ссылки доступа

Манъи дастгоҳҳои хурди электронӣ дар идораҳои Қазоқистон


Дар Қазоқистон истифода аз телефонҳои мобилӣ ва дастгоҳҳои хурди электронӣ дар корхонаҳои давлатӣ манъ мешавад, навиштаанд хабаргузориҳои маҳаллӣ ба нақл аз кормандони вазоратхонаҳо. Гуфта мешавад, мақсади ин иқдом пешгирӣ аз “берун рафтани иттилоъ” аст.

Таҷҳизоте манъ карда мешаванд, ки бо шабакаи интернетӣ пайваст буда, дорои дурбинҳои аккосӣ ва наворбардориянд. Аммо дар бинои корхонаҳо истифода аз таҷҳизоти мобилии телефонӣ ва паёмакрасон иҷоза дода мешавад, навиштаанд хабаргузориҳо.

Кормандони бархе аз вазоратҳо ба хабаргузории “Интерфакс-Қазоқистон” гуфтаанд, ки аз аввали моҳи ҷорӣ ба идораҳо даровардани телефонҳои мобилии навбаромад ва компютерҳои хурду планшетҳо манъ шудааст. “Аз дафтари нахуствазир муқаррарот омадааст, ки аз 24-уми март истифода аз таҷҳизоти мобилӣ манъ аст. Акнун мо бояд телефонҳои мобилии худро дар хона монем ва аз телефонҳои маъмулӣ истифода кунем”, - гуфт як мусоҳиби хабаргузорӣ. Ба гуфтаи мусоҳиби дигар, ин маҳдудият аз аввали апрел роҳандозӣ мешавад. “Ин иқдом ба ин хотир аст, ки берун шудани иттилои махфии корӣ тавассути паёмакрасонҳо ҷой дорад”, - гуфт ин мусоҳиб. Як манбаъ дар ҳукумат ба хабаргузорӣ тасдиқ кард, ки чунин дастур дода шудааст.

Вазири корҳои дохилӣ Калмуханбет Қосимов гуфт, ки ин дастур дар муассисаҳои низомаш махфӣ роҳандозӣ мешавад. Вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ Тамара Дуйсенова гуфт, ки дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ истифодаи планшет мумкин аст.

XS
SM
MD
LG