Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Дабӣ бо Муҳаммад Ҳоҷӣ Ал-Ҳурӣ -- роҳбари умури хайрияи Муассисаи хайрияи Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён мулоқот кард. Дар ин дидор ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо муассисаҳои гуногуни Иморот баррасӣ шуд.
Презиндети Тоҷикистон аз кумакҳои башардӯстонаи Иморот ба сокинони аз офати табиӣ осебдидаи вилояти мухтори Бадахшони Тоҷикистон изҳори сипос кардааст.
Ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки Иморот барои рушди иқтисодии Тоҷикистон сармоягузории бештар хоҳад кард.