Ссылки доступа

Порошенко ба раҳбарони ИА "рӯйхати Савченко"-ро супорид


Президенти Украина Пётр Порошенко ба роҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯйхати таҳримии "Савченко"-ро супорид. Дар ин бора Порошенко дар нишасти хабарии муштарак бо раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ва президенти Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер хабар дод.

"Ман ба роҳбарони Иттиҳоди Аврупо "рӯйхати Савченко"-ро супоридам, ки якҷо бо Порлумони Аврупо омода кардаем. Ва мо бовар дорем, ки он баррасӣ хоҳад шуд. Ман бар инам, ки ин рӯйхат танҳо бо парвандаи Савченко маҳдуд нашуда, идома меёад ва рӯйхати ҳамаи украиниҳое мешавад, ки Русия дар баробари онҳо масъул аст. Ман Олег Сентсов, Александр Колченко, Геннадий Афанасев ва дигаронро дар назар дорам", - гуфт президенти Украина.

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск даъвати Иттиҳоди Аврупо дар мавриди озодии фаврии Надежда Савченко, Сентсов ва дигар шаҳрвандони Украинаро, ки ғайриқонунӣ дар Русия боздошт шудаанд, такрор кард.

XS
SM
MD
LG