Ермегияевро ба додгоҳи байниноҳиявии парвандаҳои ҷиноятии Остона посбонон оварданд. Ба толори додгоҳ танҳо ба аксбардорон ва наворбардорон иҷозаи вуруд дода шуд. Хабарнигорони дигар аз утоқи махсус бо оинаи нилгун рафти муҳокимаро назорат мекунанд.
Талгат Ермегияев дар моҳи июни соли 2015 дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи дуздӣ дар ширкати “Остона ЭКСПО-2017” боздошт шуд. Ӯро дар гирифтани 4,2 миллиард танга (беш аз 22 миллион доллар) ба унвони ришва ва ҳамчунин азхудкунӣ ва масрафи моликияти бегона айбдор мекунанд. Ба дунболи вай боз чанд мақоми баландпояи ширкати “Остона ЭКСПО-2017” боздошт шуданд.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбати раиси собиқи “Остона ЭКСПО-2017” Талгат Ермегияев, мудири иҷроияи пешин Суламбек Баркинхоев, раҳбари собиқи бахши сохтмон Кажимурат Усенов ва чанд корманди ширкатҳои тиҷоратӣ 10 март ба додгоҳ ирсол шуда буд. Муҳокимаи додгоҳӣ таҳти раҳбари судя Адилхан Шайхисломов баргузор мешавад.
Ширкати миллии “Остона ЭКСПО-2017” дар аввали соли 2013 ба хотири омодагӣ ба баргузории намоишгоҳи байналмилалӣ ташкил шуд. Ин ширкат бояд бинои намоишгоҳи бузургро бунёд кунад.