Ссылки доступа

Путин: Русия метавонад “дар чанд соат” ба Сурия баргардад


Ба гуфтаи президенти Русия Владимир Путин, кишвараш қодир аст “дар чанд соати башумор” ҳузури низомиашро дар Сурия дубора бештар кунад.

Се рӯз пеш вай дастур дод, ки нерӯҳои Русия аз Сурия қисман бароварда шавад. Путин гуфт, ки Кремл дар ин минтақа барои идомаи мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва ифротгароёни дигар нерӯи кофӣ дар ихтиёр дорад.

Вай зикр кард: “Мутмаинам, дар зудтарин фурсат мо шоҳиди комёбии наве мешавем”. Путин аз ҷумла изҳори умедворӣ кард, ки шаҳри қадимаи Полмиро, ки ҳоло таҳти назорати ДИ қарор дорад, ба ихтиёри нерӯҳои ҳукуматии президент Башор Асад мегузарад.

Ҳамчунин Путин масрафи тахминии давлат барои анҷоми амалиёт дар Сурияро эълон кард: аз буҷаи вазорати мудофиаи Русия ба ин мақсад 33 миллион рубл сарф шудааст. Вай афзуд, ки барои аз нав пур кардани анбори силоҳ ва таъмири таҷҳизоти низомӣ харҷи изофӣ пешбинӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG