Ссылки доступа

Ровии тоҷик товони марги писарашро мехоҳад


Лӯъбат Бурҳонова, ровии пешини телевизиони Тоҷикистон баъди 7 соли марги фарзандаш аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия 334 950 сомонӣ ҷуброн талаб кардааст.

Писари ягонаи вай Дилшодбек Муродов дар соли 2009 дар зиндон вафот карда буд.

Шоира Давлатова, раҳбари “Маркази мустақили ҳуқуқи башар”, ки Бурҳоноваро бо вакили дифоъ таъмин кард, хабар медиҳад, даъвои онҳо ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ супурда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, "334 950 сомонӣ маблағи ҷуброне, ки Лӯъбат Бурҳонова барои марги фарзанди ягонааш мехоҳад, бар асоси ҳаҷми зиёни равониву ҷисмониест, ки равоншиноси мустақил ташхис кардааст."

Дилшодбек Муродов бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 6 соли зиндон маҳкум шуда, дар маҳбаси №3/1 адои ҳукм мекард. Дар моҳи августи соли 2009 ӯ дар ҳоли беҳушӣ ва осори латукӯб дар баданаш ба қисми тиббии ин маҳбас оварда шуд. Вале дигар ба ҳуш наомада, фавтид.

Додситонӣ бар асоси қисми сеюми моддаи 110-уми Кодекси ҷиноӣ (қасдан расондани зарар ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги ҷабрдида шудааст), парванда кушода буд, вале бо вуҷуди шикоятҳои батакрори Лӯъбат Бурҳонова, то ҳол касе бо ҷурми даст доштан дар марги писари ӯ маҳкум нашудааст.

XS
SM
MD
LG