Ссылки доступа

"Машқи баҳс"-и ҷавонони ҳафт кишвар дар Иссиқкӯл


Аз 21 то 27-уми март дар деҳаи Бостерии вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон панҷумин ҳамоиши бузурги ҷавонон барои омӯзишии наҳваи баҳс – асосҳои андешаронии таҳлилӣ, шеваи гуфтугӯи боадабона ва маҳорати суханро баргузор мешавад.

Дар ин бора Анҷумани байналмилалии омӯзишии баҳсҳо дар Осиёи Марказӣ (IDEA CA) хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, қариб сад ҷавон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина ва Эстония роҳҳои таҳия ва иҷрои тарҳҳо ва тариқи раҳбарӣ ба иқдомҳои иҷтимоии ҷавононро меомӯзанд.

Созмондиҳандагон мегӯянд, ҳадафи асосии ин давраҳои омӯзишӣ рушди зарфияти хусусии ҷавонон, баланд кардани масъулияти шаҳрвандии онҳо тавассути омӯзиши фанновариҳои баҳс ва истифодаи онҳо дар ҳаёти ҳамарӯза аст.

XS
SM
MD
LG