Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон тӯйҳо бе раққоса мондаанд


Дар Бухоро, Самарқанд ва Хоразм ҳамаи тӯйҳо бе иштироки раққосаҳо баргузор мешаванд. Кумитаи давлатии андози Ӯзбекистон “шикори” раққосаҳоро оғоз кард.

Баъд аз он, ки Кумитаи давлатии андози Ӯзбекистон таъқиби ҳунармандонро бештар кард, ҳамаи тӯйҳо дар Бухоро, Самарқанд ва Хоразм бе ширкати раққосаҳо мегузарад. Ба гуфтаи шоҳидон, дар шаҳри Галаосиёи вилояти Бухоро маъмурони милитсияи маҳаллӣ дар як тӯй ду раққосаро ҳабс карданд.

Сабаби чунин муносибат изҳори назари андозчиёни ӯзбек шуд, ки гуфтанд ҳунармандон дар тӯйҳо бе иҷозатномаи давлатӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Гузашта аз ин, андозчиён дар канори ҳунармандони беиҷозатнома, соҳибони тӯйхонаву тарабхонаҳо ва шаҳрвандонеро, ки дар ин муассисаҳо тӯй барпо мекарданд, ба маблағи калон ҷарима мебанданд.

Корманди Кумитаи давлатии андози Ӯзбекистон хабари бе раққоса барпо кардани тӯйҳо дар кишварро тасдиқ карда, ҳамзамон зикр кард, ки “ҳеҷ тасмим ё қонуни манъи ширкати раққосаҳо дар тӯйҳо вуҷуд надорад”. “Мо танҳо назорат ба ҳунармандонеро, ки бе иҷозатнома ва супоридани андоз дар тӯйҳо хидмат мекунанд, тақвият додаем. То ҳол ба ин мушкилӣ мо чандон аҳамият намедодем. Овозхонҳо дар тӯйҳо иҷозатнома доштанд, аммо раққосаҳо не. Вақте тафтишро сар кардем, муайян шуд, ки ягон раққоса дар тамоми кишвар иҷозатнома надорад. Мо ҳатто худамон аз чунин вазъият тааҷҷуб кардем. Агар раққоса ба тӯй бе иҷозатнома равад, ин амали ғайриқонунӣ дониста мешавад", - мегӯяд идораи андози Ӯзбекистон.

XS
SM
MD
LG