Ссылки доступа

Талаби барканории Асад дар гуфтушуниди сулҳи Сурия


Дар гуфтушуниди сулҳи Сурия, ки дар Женева баргузор мешавад, имконияти тағйри сиёсии ин кишвар баррасӣ мегардад. Зери ин мафҳум баргузории интихобот ва аз мақом канор рафтани Башор Асад дар назар дошта шудааст. Аммо ҷонибдорони вай дар гуфтушунид ба ин пешниҳод мухолифат мекунанд.

Фиристодаи СММ Стаффан де Мистура дар ин робита гуфт, то замони эълони танаффус дар гуфтушунидҳо, ки рӯзи панҷшанбе дар назар дошта шудааст, вай хоҳиш кардааст, ки режими Сурия ҳукумати ояндаи кишварро аз дидгоҳи худ дар шакли ҳуҷҷат пешниҳод кунад.

Де Мистура нерӯҳои асосии мухолифони Сурия - Кумитаи олии гуфтушунидро барои пешниҳоди роҳҳали мушаххас дар гузариши сиёсии Сурия ситоиш кард.

Сарнавишти Асад сангинтарин масъалаест, ки дар пешорӯи ширкатдорони гуфтушунид қарор дорад. Мухолифон талаб доранд, ки барканории Асад қисми ҷудоноипазири ҳама гуна созишномаи сулҳ бошад.

XS
SM
MD
LG