Ссылки доступа

Керрӣ дар Москва бо Путин ва Лавров мулоқот мекунад


Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ рӯзи чаҳоршанбе сафари дурӯза ба Москваро шурӯъ мекунад. Дар ин сафар вай бо президенти Русия Владимир Путин ва вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров дидор хоҳад кард.

Вазъият дар Сурия, дурнамои гуфтушунидҳои сулҳи миёни намояндаҳои ҳукумати Сурия ва мухолифон, ки дар Женева идома дорад ва бӯҳрон дар шарқи Украина аз мавзӯъҳои асосии ин мулоқот хоҳанд буд.

Дар Вашингтон умедворанд, ки сафари котиби давлатӣ ба Москва ҳамкориҳои миёни ИМА ва Русияро барои комёбии гуфтушуниди сулҳи Женеваро, ки бо ҳимояти Вашингтон ва Москва барпо мешавад, тақвият медиҳад. Аммо дар остонаи сафари Ҷон Керрӣ Русия ИМА-ро ба радди ҳамкорӣ дар Сурия айбдор кард ва гуфт, ба таври якҷониба омилони нақзи оташбасро ҷазо хоҳад дод.

Ҷон Керрӣ дар Москва аз мақомоти Русия хоҳад хост, ки барои иҷрои муқаррароти созишномаи Минск ба ҷудоихоҳони украин фишори бештар оварад. Котиби давлатӣ ҳамчунин ба сарнавишти сарбози украинӣ Надежда Савченко таваҷҷӯҳ мекунад, ки дирӯз аз тарафи додгоҳи Русия ба 22 соли зиндон маҳкум шуд. ИМА борҳо талаби озодии ӯро карда, сухангӯи департаменти давлатӣ гуфта буд, ки Русия Савченкоро тӯли ду сол ғайриқонунӣ ва бо айбномаи бедалел дар боздошт нигаҳ медорад.

XS
SM
MD
LG