Ссылки доступа

СПАД вазъи марзи Қирғизистону Ӯзбекистонро меомӯзад


Бо ибтикори Қирғизистон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои доимии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор гардид. Дар ин ҷаласа вазъи сарҳади Ӯзбекистону Қирғизистон баррасӣ шуд.

Муовини дабири кулли СПАД Ара Бадалян барои омӯзиши вазъи қитъаи марзии муайяннашудаи Қирғизистону Ӯзбекистон фиристода шудааст. Дар ин бора сухангӯи СПАД Владимир Зайнетдинов хабар дод.

Зайнетдинов мегӯяд, Бадалян вазъияти сарҳадро меомӯзад ва ба ҷониби Қирғизистон машварат медиҳад. Ба гуфтаи сухангӯи СПАД, ҳамзамон вазъи марзи ин ду кишвар дар гуфтугӯи телефонии аъзои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД бо ширкати дабири кулли ин созмон Николай Бордюжа баррасӣ мешавад.

Дар минтақаи Чала-Сарти ноҳияи Оқсойи Қирғизистон шоми 18 март дар марзи миёни Ӯзбекистону Қирғизистон ҷониби Ӯзбекистон техникаи ҳарбӣ ва наздики 40 низомиашро ҷойгир кард. Қирғизистон дар посух ҳамин миқдор низомӣ ва техникаи ҳарбӣ ба он минтақаи марзӣ овард. 21 март шумори низомиён аз ду ҷониб кам карда шуд.

XS
SM
MD
LG