Ссылки доступа

Генерал ширкати нерӯҳои махсуси Русияро дар ҷанги Сурия эътироф кард


Муовини аввали фармондеҳи Минтақаи марказии низомии Русия генерал-полковник Александр Дворников дар мусоҳиба бо "Российская газета" роҷеъ ба амалиёти заминии нерӯҳои рус дар Сурия гуфт, ки мушовирони рус дар ҷузъу томҳои артиши Сурия то дар сатҳи "гурӯҳҳои амалкунанда" шомиланд ва нерӯҳои махсус ба амалиёти "ҷосусӣ" машғуланд.

Ба гуфтаи генерал-полковник, ки пештар фармондеҳи гурӯҳи низомӣ дар Сурия буд, вазъият дар ин ҷанг танҳо баъд аз фаъол шудани мушовирони низомӣ тағйир ёфт, ки воҳидҳои низомии артиши ҳукуматиро ба ҷанг омода мекарданду ба курдҳо ва "созмонҳои дигари ватанхоҳ" кумак мерасониданд.

"Пӯшида нест, ки дар қаламрави Сурия ҷузъу томҳои нерӯҳои махсуси мо фаъоланд. Онҳо барои расонидани зарбаҳои ҳавоӣ корҳои ҷосусӣ анҷом медиҳанду ба нишонрас шудани зарбаҳои ҳавоӣ дар минтақаҳои дурдаст кумак карда, вазифаҳои дигари махсусеро ба зимма доранд", - гуфт Дворников ва афзуд, ки дар Сурия гурӯҳҳои ба ин монанди ИМА ва кишварҳои дигари эътилоф низ фаъол мебошанд.

Амалиёти низомии Русия дар Сурия қариб ним сол идома дошт. 14-уми марти соли 2016 президент Владимир Путин эълон кард, ки қисме аз нерӯҳои кишварашро берун меорад. Ба гуфтаи вай, маблағи амалиёти кишвараш дар Сурия қариб 33 миллиард рубл шудааст. Расман Русия кушта шудани панҷ низомиаш дар ин кишвар, аз ҷумла як сарбози Нерӯҳои амалиёти махсус Федор Журавлевро тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG