Ссылки доступа

Сафири Русия аз эҳтимоли ба Украина супоридани Савченко хабар дод


Сафири Русия дар Украина Михаил Зурабов дар мулоқоти пӯшида дар Киев хабар дод, ки сарбози украинӣ Надежда Савченко дар зудтарин фурсат ба ватанаш баргардонида мешавад.

Ба гуфтаи вай, Москва омода буд, Савченкоро ба Украина дар аввали моҳи март баргардонад, аммо ҳодисаи ҳамла ба сафорати кишвараш дар Киев ин тасмимро ба таъхир гузошт.

Ёдовар мешавем, додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростов Надежда Савченкоро ба ҳамдастӣ дар қатли ду хабарнигори рус дар наздикии Луганск дар тобистони соли 2014 айбдор дониста, 22 сол зиндонӣ кард.

Президенти Украина Петр Порошенко муҳокимаи Савченкоро "додгоҳи шармандавор" номид. Порошенко гуфт, президенти Русия Владимир Путин пештар ваъда дода буд, ки маҳкумшударо ба ватанаш бармегардонад. Бар ивази ин кор Киев омодааст, ба Русия ду низомии русро баргардонад, ки "дар ҳуҷуми мусаллаҳона зидди Украина боздошт шудаанд".

XS
SM
MD
LG