Ссылки доступа

Додгоҳи Гаага ҳукми Радован Караҷичро эълон мекунад


Имрӯз додгоҳи байналмилалии Югославияи пешин дар Гаага (ДБЮС) ҳукми пешвои сербҳои босниягӣ Радован Караҷичро эълон мекунад. Вай дар қатли ом, ҷиноятҳо зидди инсоният, вайрон кардани қоидаҳои ҷанг айбдор мешавад.

Сухан аз нақши раҳбарикунандаи Караҷич дар муҳосираи Сараево ва қатли оми мусалмонон меравад. Дар он ҷо 21 сол пеш артиши сербҳои босниягӣ дар чанд рӯз наздики ҳашт ҳазор мард, аз ҷумла пиронсолон ва кӯдаконро қатл карда буд.

Кори Додгоҳи байналмилалӣ дар мавриди Югославияи пешин ба анҷом мерасад ва соли оянда фаъолияти он қатъ мешавад. Ҳамин моҳ муҳокимаи парвандаи Воислав Шешел, миллатгарои серб, раҳбари Ҳизби ифротии Сербистон низ анҷом меёбад. Дар муҳокимаи генерал Ратко Младич марҳилаи ниҳоии суханронии ҷониби ҳимоятгарон дар ҳоли анҷомёбист.

Ҷониби айбдоркунанда Младич ва Караҷичро ҳамчун ду нафари калидӣ дар як "иттиҳоди" ҷавобгар дар қатли оми Сребренитса баррасӣ мекунад. Тарафи айбдоркунанда далелҳои беш аз сад мавриди қатли ом, куштор ва таҷовуз ба номусро пешниҳод кардааст. Айбдоркунандаҳо барои Караҷич ҳабси абадро талаб доранд.

XS
SM
MD
LG