Ссылки доступа

Қирғизистон ҷангро намехоҳад, аммо омодааст ба зургӯӣ посух диҳад


Қирғизистон дар масъалаи марз бо касе ҷанг кардан намехоҳад, аммо омодааст зарбаи ҷавобӣ бизанад. Дар ин бора имрӯз дар як нишасти хабарӣ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев хабар дод.

Вай гуфт, ба ҷуз аз қитъаи баҳсии марз дар наздикии Чала-Сарт дар ноҳияи Оқсой, Қирғизистон чанд нуқтаи баҳсии дигар дорад, ки бо роҳи гуфтушунид ин баҳсҳоро ҳал хоҳад кард.

Дар минтақаи Чала-Сарти ноҳияи Оқсойи Қирғизистон шоми 18 март дар марзи миёни Ӯзбекистону Қирғизистон ҷониби Ӯзбекистон техникаи ҳарбӣ ва наздики 40 низомиашро ҷойгир кард. Қирғизистон дар посух ҳамин миқдор низомӣ ва техникаи ҳарбӣ ба он минтақаи марзӣ овард. 21 март шумори низомиён аз ду ҷониб кам карда шуд.

XS
SM
MD
LG