Ссылки доступа

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз ояндаи ҷавонони Исфара


Президенти Тоҷикистон бо нигаронӣ аз гароидани ҷавонони Исфара ба гуруҳҳои тундрав аз мақомоти маҳаллӣ хост, ки муборизаро бо “нирӯҳои ифротгарову хурофотпараст ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.”

Президенти Тоҷикистон аз сокинони Исфара даъват кард, ки “фарзандони худро аз роҳи бад гардонед ва нагузоред, ки онҳо ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ шомил шуда, боиси бадбахтии худашон, хиҷолату сархамии волидайну хешу таборашон ва коҳиш ёфтани нуфузу обрӯи миллату давлат гарданд”.

Бештар аз 40 сокини ин ноҳия дар сафи гуруҳҳои террористӣ дар Сурияву Ироқ меҷанганд. Танҳо аз деҳаи Чорқишлоқи ин ноҳия 20 нафар ба Сурия рафтааст. Бархе аз онҳо зану фарзандашонро ҳам бо худ бурдаанд.

Дар рӯзе ки Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши мавридҳои ба сафи гурӯҳҳои тундрав пайвастани ҷавонони Исфара изҳори нигаронии ҷиддӣ кард, матбуоти Туркия аз боздошти 5 хориҷӣ дар марзи ин кишвар бо Сурия хабар дод. Гуфта мешавад, ки яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Ба иттилои мақомоти қудратӣ, бештар аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи гуруҳҳои тундрав, аз ҷумла "Давлати исломӣ" пайвастааст. Аллакай аз марги 150 тоҷикистонӣ дар ҷангҳои Сурияву Ироқ хабар расидааст.

XS
SM
MD
LG