Ссылки доступа

Миёни қурбониёни таркиши Лоҳур аксарият занону кӯдаконанд


Дар шаҳри Лоҳури Покистон дар як таркиш, ки рӯзи якшанбе рух дод, аксарият занону кӯдакон қурбон шудаанд. Ин таркишро як маргталаб анҷом додааст.

Тибқи хабарҳои охирин, дар ин таркиш на камтар аз 65 кушта ва бештар аз 200 нафар захмӣ шудааст. Таркиш дар ҳудуди боғи Гулшани Иқбол, дар наздикии майдони бозии кӯдакон рух додааст.

Дар лаҳзаи таркиш боғ серодам буд. Ба ҷуз ин, рӯзи якшанбе масеҳиҳои Покистон "Иди пок"-ро дар он боғ таҷлил мекарданд.

Масъулияти ин таркишро гуруҳи тундгарои "Ҷамоати Аҳрор", ки ҷузъе аз толибони Покистон аст, ба зимма гирифтааст. Тундгароён гуфтаанд, ҳадафи онҳо масеҳиҳои Покистон будаанд.

XS
SM
MD
LG