Ссылки доступа

Пеш аз суқут дар ҳавопаймои Flydubai ҷанҷол бархостааст


Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати ҳавоии Flydubai шаби 19-уми март ҳангоми талоши дувуми нишаст дар фурудгоҳи шаҳри Ростови лаби Дон суқут кард. Ҳамаи 62 мусофири ин парвоз ҷон бохтанд.

Чанд дақиқа пеш аз суқут миёни халабонҳо ё пилотҳои ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати Flydubai ҷанҷоле сар задааст. Дар ин бора имрӯз рӯзномаи "Коммерсант" бо такя ба манбаи наздикаш дар тафтишоти ин ҳодиса навиштааст.

Ба гуфтаи вай, коршиносоне, ки машғули дақиқ кардани иттилои "қуттиҳои сиёҳ" ҳастанд, муайян кардаанд, халабонҳо тасмим гирифтаанд даври дувуми нишастро бо идораи дастӣ анҷом диҳанд ва ба ин хотир "автопилот" ё нишасти автоматиро хомуш кардаанд. Яке аз халабонҳо зимни анҷоми ин амал ба иштибоҳ роҳ дод ва сарнишини дигар талош кард, ки чамбаракро ба тарафи худ "бикашад". Миёни онҳо хархашае сурат гирифт. Халабони асосӣ бо нидои "Ист! Куҷо?! Исто!" чамбараки худро ба ақаб тела медод. Идораи ҳавопаймо вайрон карда шуд ва ба компютери "Боинг" аз амали ҳар ду халабон фармонҳои мухталиф ворид шуданд. Сарнишинҳо афтодани ҳавопайморо замоне эҳсос карданд, ки дер шуда буд ва ин ҳавопаймо ба самти замин бо суръати 325 километр дар як соат пойин мерафт. Рӯзнома навиштааст, ки пилотҳо чанд сония "аз даҳшат ва нотавонӣ фарёд мезаданд".

Ҳавопаймои ширкати Flydubai шаби 19-уми март аз Дубай ба Ростови лаби Дон парвоз анҷом медод.

XS
SM
MD
LG