Ссылки доступа

Ҳунарнамоии Назаровҳо дар Москва (видео)


Дар варзишгоҳи "Лужники"-и Москва консерти калони "Шогун-Баҳор" баргузор шуд. Дар он овозхонҳои саршиноси Тоҷикистон ва Осиёи Миёна - Далер Назаров, Парвиз Назаров, Ситора Назарова ва Аброр Назаров ҳунарнамоӣ карданд. Бори аввал дар як саҳна тамоми оилаи Назаровҳо гирдиҳам омаданд

Шоми 27-уми март дар маҷмаи варзишии "Лужникӣ" дар Москва консерти бузурги "Шогун-Баҳор" бо ширкати овозхонҳои саршинос Далер, Парвиз, Ситора ва Аброр Назаровҳо баргузор шуд.

Сарояндаи саршиноси тоҷик Парвиз Назаров, ки дар Алмаато зиндагӣ мекунад, гуфт, ин барояш рӯйдоди муҳимтарини фарҳангӣ буд. "Дар ин консерт сурудҳои беҳтарини Далер Назаров садо доданд. Вай ҳамчунин чанд суруди тозаэҷоди худ ва сурудҳои қадимиашро ба шакли нав бихонд". Парвиз Назаров зикр кард, ки дар консерти "Лужникӣ" Ситора Назарова низ чанд суруди нави худро иҷро кард.

"Ман чанд суруди машҳуршудаамро хондам. Ҳамчунин чанд сурудро ба забони русӣ иҷро кардам. Зеро дар толор рустаборон аз Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳузур доштанд. Ҳамчунин бо Аброр ва Ситора низ якҷо суруд хондем", - гуфт Парвиз.

Худи барномаи ҳунарӣ бо муаррифии маҷмуаи охирини "Макидома" шурӯъ шуд.

Ба ҷуз аз ҳунарнамоии овозхонҳои оилаи Назаровҳо дар барномаи фарҳангӣ чанд саҳна аз ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ намоиш дода шуд. Ин саҳнаҳоро созмони минтақавии фарҳангии тоҷикистониёни "Нур" дар Русия омода кардааст. Ин консерти бузург аз сӯи ин созмони тоҷиктаборон дар Русия ташкил шуда, пахши он дар сомонаҳо низ роҳандозӣ шуд.

XS
SM
MD
LG