Ссылки доступа

Гумонбари таркишҳои Белгия озод карда шуд


Додситонии федералӣ изҳор дошт, ки бозрасон барои дар ҳабс нигаҳ доштани ин мард далели кофӣ дар даст надоранд.

Бо қарори додситонии Белгия марде, ки дар робита ба таркишҳои 22-уми март дар Брюссел боздошт шуда буд, озод гардид.

Рӯзи душанбе додситонии федералии Белгия изҳор дошт, зидди ин мард далелҳои кофӣ дар ихтиёр надорад. Ин шахс баъд аз ду рӯзи таркишҳо дар фурудгоҳи Завентем ва метрои Брюссел боздошт шуда буд.

Тибқи иттилои ахири вазорати тандурустии Белгия, шумораи қурбониёни ин ҳамлаҳо баъд аз фавти чаҳор захмишудаи ин таркишҳо дар бемористон то 35 нафар афзоиш ёфтааст.

Рӯзи душанбе ҳамчунин муайян шуд, ки додситонии Белгия ба се гумонбар дар амалҳои террористӣ айбнома эълон кардааст. Ин се нафар дар ҷараёни амалиёти пулис дар Брюссел, Мехелен ва Дюффел боздошт шудаанд. Аммо рӯшан нест, ки онҳо ба таркишҳои ахир дар пойтахт робита доранд ё не.

XS
SM
MD
LG