Ссылки доступа

Як видео сабаби даъвои ним миллион танга шуд


Ҳафт корманди пулис аз тариқи додгоҳи Остонаи Қазоқистон талош доранд аз ҳимоятгар Бауиржан Азанов барои пахши наворҳои видеоӣ дар маҷмӯъ қариб ним миллион танга ҷубронпулӣ ситонанд. Дар ин наворҳо дида мешавад, ки вакили дифоъро барои сарпечӣ аз нишон додани ҷузъдонаш ба толори додгоҳ иҷозаи вуруд намедиҳанд.

Кормандони раёсати махсуси посбонии вазорати корҳои дохилии Қазоқистон бар инанд, ки бо нашри наворҳои видеоӣ дар YouТube ҳимоятгар Бауиржан Азанов “онҳоро беасос ба қонуншиканӣ айбдор кардааст”. “Ин наворҳои видеоӣ дастраси умум шуда, сабаби тамасхур ва хандахариши нафароне шуд, ки ба кори пулис назари манфӣ доранд ва чунин рафтор сабаби пойин бурдани шараф ва эътибори касбиамон шудааст”, - омадааст дар ҳар яке аз ҳафт аризаи даъвогӣ.

Даъвогарон бо такя ба моддаи 143 кодекси шаҳрвандӣ талаб доранд раддияи иттилои паҳншуда чоп ва ҷуброни зарари маънавӣ пардохта шавад. Ҳар яке аз ҳафт корманди пулис ин зарарро 70 ҳазор танга шумурдааст.

Кормандони пулис навиштаанд, ки ҳимоятгар Бауиржан Азанов аз нишон додани ҷузъдонаш сарпечӣ ва ҷанҷол карда, ин ҳодисаро дар телефони ҳамроҳаш сабт кардааст.

Вакили дифоъ эътироф мекунад, ки ҳодисаи мазкурро наворбардорӣ карда, сипас ин наворро “ба хотири таъмини амнияташ ва намоиш додани муносибат бо ҳимоятгарон дар додгоҳ” дар YouТube гузоштааст. Ба гуфтаи вай, ҳодисаи моҳи сентябри соли гузашта, вақте посбон ба дасташ завлона зада буд, ӯро ба наворбардории ин ҳодиса водор кардааст. Вай мегӯяд, дар гузашта посбонҳо борҳо ӯро бо баҳонаи “нишон додани дохили ҷузъдон” иҷозаи вуруд ба додгоҳро надодаанд. Ба гуфтаи вакили дифоъ, додгоҳи ноҳиявии Алмаато ин парвандаро пазируфтааст.

XS
SM
MD
LG