Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков пештар низ гуфта буд, ки дар бораи пешниҳоди ивази Савченко ба Бут ва Ярошенко иттилое дар ихтиёр надорад.
Вале, ба гуфтаи вай, исми ин шаҳрвандони Русия дар мулоқоти ахири мақомоти рус бо котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ садо додааст. “Русия ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандони худро ҳамчунон идома медиҳад. Номи ин ду нафар низ дар сӯҳбат бо Керрӣ дар ҳамин замина садо додааст”, - гуфт Песков.
Алексей Тарасов, вакили дифои Бут ва Ярошенко дертар гуфт, ки эҳтимоли ивази ҳимоятшавандаҳояш ба Савченко вуҷуд дорад. “Чунин табодул мантиқӣ ва мақсаднок хоҳад буд”, - афзуд вакили дифоъ.