Ссылки доступа

Назарбоев бо сафари расмӣ вориди ИМА шуд


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо сафари расмӣ ба Вашингтон омад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон.

Интизор меравад, Назарбоев дар ҳамоиши амнияти ядроӣ ширкат карда, чанд мулоқот низ баргузор кунад.

Ҳамоиши амнияти ҳастаӣ, ки дар он масъалаҳои пешгирӣ аз терроризми ядроӣ баррасӣ мешаванд, аз 31-уми март то 1-уми апрел дар Вашингтон баргузор мешавад. Интизор меравад, ҳамоиши чаҳоруми амнияти ядроӣ бо ширкати ҳайатҳои 52 кишвар барпо шавад.

Президенти Русия Владимир Путин аз ширкат дар ин ҳамоиш худдорӣ кард. Масъулони Кремл гуфтанд, ки намояндаҳои Русия дар кори ин ҳамоиш ҳатто дар сатҳи коршиносон ширкат намекунанд.

XS
SM
MD
LG