Ссылки доступа

Русия қисми бештари техникаашро дар Сурия нигаҳ медорад


Русия, бархилофи изҳороташ, қисми бештари ҳавопаймоҳои низомишаро, ки дар амалиёти ҳавоӣ дар Сурия ширкат карданд, ба пойгоҳҳои низомӣ барнагардонидааст, хабар медиҳад телевизиони АВС бо такя ба сарчашмаи худ дар мақомоти расмии Амрико.

Ба иттилои намояндагони низомии амрикоӣ, то эълони берунории нерӯҳои Русия дар пойгоҳи наздикии шаҳри Латақиё 42 ҳавопаймои зарбазан ва бомбаандоз мавҷуд буд. Ҳоло он ҷо мумкин аст 28 ҳавопаймо мавҷуд бошад. Дар Сурия 18 чархболи Русия дар ҷангҳо то кунун аз нерӯҳои ҳукуматии Сурия пуштибонӣ мекунанд. Ба гуфтаи мусоҳибони АВС, танкҳо ва аслиҳаи вазнини Русия ҳамоно нерӯҳои ҳукуматии Сурияро кумак мекунанд. Мусоҳибони телевизион гуфтаанд, киштиҳои Русия ҳоло ҳам ба Сурия лавозимоти ҷангӣ мекашонанд.

Идомаи ҳузури густардаи артиши Русия дар Сурия ин суолҳоро ба вуҷуд овардааст, ки Москва қасд дорад, дар ҳудуди Сурия барои дарозмуддат нерӯҳои низомиашро ҳифз кунад, мегӯянд мусоҳибони шабакаи телевизионии АВС.

Дар посух ба суоли ин ки оё кумаки Русия ба артиши Сурия дар ҷанги озодсозии Полмиро қадами мусбате буд, вазири мудофиаи ИМА Эштон Картер гуфт, Вашингтон аз Москва интизор дорад, ки сулҳро барқарор кунад. "Онҳо бар ҳукумати Сурия нуфузи зиёд доранд. Ин нуфузро бояд барои ҳалли ҷанги шаҳрвандӣ истифода бурд", - гуфтааст вазири дифои ИМА.

XS
SM
MD
LG