Ба иттилои ин ниҳод, то ҳоло 1 487 шаҳрванди Қирғизистон, ки вурудашон муваққатан ба қаламрави Русия маҳдуд карда шудааст, барои бозбинии чунин амр ариза навиштаанд. Ин аризаҳо дар баррасии ХФМ Русия қарор доранд.
Тибқи қарордоди президентҳои Русия ва Қирғизистон дар моҳи июни соли 2015, ки аз тарафи ниҳодҳои дахлдори ду кишвар тасвиб шудааст, шаҳрвандони қирғизи ба ин "рӯйхати сиёҳ" воридшуда, мебоист то 1-уми ноябр афв мешуданд. Аммо Русия тасмим гирифт, ин афвро то замони номуайян тамдид кунад.
Бино бар омори ғайрирасмӣ, дар Русия қариб як миллион шаҳрванди Қирғизистон машғули кор аст ва ҳузури наздик ба ними онҳо дар он кишвар ғайриқонунист.