Ссылки доступа

Дар кӯчаҳои Москва "нозирони муҳоҷират" пайдо мешаванд


Хадамоти федералии муҳоҷирати (ХФМ) Русия дар кӯчаҳои атрофи истгоҳҳои метро муҳоҷирони ғайриқонуниро ҷустуҷӯ мекунад.

Ба иттилои маркази матуботии Хадамоти федералии муҳоҷират, ин ниҳод назорат дар маҳаллаҳои атрофи истгоҳҳои нақлиётии минтақаи Москваро ба хотири ошкор кардани фаврии муҳоҷирони ғайриқонунӣ роҳандозӣ мекунад.

Назорат тавассути мошинҳое мешавад, ки бо таҷҳизоти махсус муҷҷаҳаз буда, бо кӯмаки онҳо асноди шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Русия бозрасӣ мешавад.

Дар хадамоти матбуотии ХФМ шарҳ доданд, ки вазифаи асосии нозирони муҳоҷират маънидод кардани муқаррароти қонунгузории Русия ва пешгирӣ аз қонуншиканиҳост.

Ин манбаъ ҳамчунин зикр кард, ки бо туфайли ин навоварӣ шаҳрвандони хориҷӣ "имкон пайдо мекунанд, мустақим бо намояндаҳои хадамоти муҳоҷират сӯҳбат карда, аз "шахси масъул" ба саволҳои худ посух гиранд. Аз ҷумла, онҳо метавонанд дар бораи таҳияи муҷҷавиз дар марказҳои муҳоҷиратии Москва, вилояти Москва ва тамдиди сабти иқомат дар Русия иттилоъ пайдо кунанд".

XS
SM
MD
LG