Ссылки доступа

Кремл мақола дар бораи хонумони “наздик ба Путин"-ро нодида мегирад


Кремл иттилои хабаргузории Reuters дар бораи дар ихтиёри хонумони наздик ба президенти Русия Владимир Путин қарор ёфтани моликияти ғайриманқул аз сӯйи тоҷир Григорий Баевскийро тафтиш намекунад. Сухангӯи президент Дмитрий Песков чопи ин матлабро ҷузъи партоби иттилотие унвон кард, ки бояд дар рӯзҳои наздик анҷом дода мешуд.

Дар матлаби Reuters сухан аз духтари хурдии Путин Катерина Тихонова ва ду хешованди наздики варзишгари пешин Алина Кабаева меравад, ки ӯро расонаҳои русӣ, ҳарчанд ин иттилоъ трасман асдиқ нашудааст, “маъшуқаи Путин” меномиданд. Ҳамчунин сухан дар бораи духтараки донишчӯ Алиса Харчева меравад, ки соли 2012 барои тақвими бахшида ба зодрӯзи президенти Русия аксбардорӣ шудааст.

Дар се мавриди аввалӣ сухан дар бораи иншооти гаронарзише меравад, ки онҳоро Баевский дар ихтиёри ин нафарон қарор додааст. Дар мавриди духтари Путин гуфта мешавад, ки вай ширкати нави худро дар суроғаи манизили хусусиаш номнавис кардааст, ки дар ин суроға манзили пешини Баевский воқеъ буд

Дар соли 2013 Баевский ҳаққи моликият ба ҳавлӣ ва қитъаи замин дар минтақаи Успенскоеро ба бибии Алина Кабаева – Анна Затсепинаи 81-сола ва дар соли 2009 як манзилро ба номи хоҳари Алина Кабаева – Лясан Кабаева сабт кардааст. Сипас вай манзилеро дар маҷмаи на чандон бузурги Москва ба исми Алиса Харчева гузаронидааст. Дар бораи арзиши ин моликият хабар дода нашудааст.

Григорий Баевский ёвари дӯсти қадимии Путин тоҷир Аркадий Ротенберг аст. Тибқи иттилои расмӣ, танҳо дар ду соли ахир ширкатҳои марбут ба Баевский аз фармоишҳои давлатии сохтмонӣ дастикам шаш миллиард рубл (89 миллион доллар) фоида гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG