Ссылки доступа

Эҳтимолан ҳуҷҷатҳои муҳими вазорати мудофиаи Русия сӯхтаанд


Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу дастур дод, бинои вазорати мудофиа, ки рӯзи якшанбе дар кӯчаи Знаменкаи пойтахти ин кишвар ба коми оташ рафт, “дар муддати кӯтоҳтарин барқарор карда шавад”. Дар хомӯш кардани ин сӯӣтор 200 оташнишон ва наҷотдиҳанда ширкат карданд. Тибқи иттилои расида, касе осеб надидааст.

Нашрияи интернетии “Фонтанка” хабар медиҳад, ки дар ин бино бойгонии асноди муҳим сӯхтааст. Аз ҷумла ҳуҷҷатҳои давраи раҳбарии вазири собиқ Анатолий Сердюков, ки бино бар онҳо мансабдори вазорат Евгения Василева маблағҳои калонеро рабудааст. Додгоҳ Василеваро барои сохтакории аснод ва дуздии сармояи махсусан калон панҷ сол зиндонӣ, аммо дар моҳи августи соли гузашта пеш аз мӯҳлат озод кард.

Фаъолон, аз ҷумла ваклоатдори пешини ҳуқуқи инсон Элла Памфилова (ҳоло раҳбари Комиссияи марказии интихоботӣ) талаб дошт, ки “омӯзиши ин парванда” аз сӯи президент Владимир Путин сурат гирад. Ба гуфтаи вай, гунаҳкорони ин парванда беҷазо мондаанд.

XS
SM
MD
LG