Дар ин мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои тиҷорат ва иқтисод, маориф, фарҳанг, варзиш ва кишоварзӣ баррасӣ шудааст, омадааст дар хабар.
“Нурсултон Назарбоев ва Раул Кастро дар масъалаи ҳамгироӣ дар бахши тандурустӣ, дорусозӣ ва фанновариҳои доруворӣ ба сурати ҷудогона таваҷҷӯҳ карданд. Дар бораи зарурати таҷрибаомӯзии миёни мутахассисони қазоқ ва кубагӣ дар ин арсаҳо зикр карда шуд”, - навиштааст сомонаи расмии Назарбоев.
Назарбоев Кубаҳро водор намуд, ки аз номзадии Қазоқистон барои узвияти муваққатии Қазоқистон дар Шӯрои Амнияти СММ дар солҳои 2017-2018 пуштибонӣ кунад.