Ссылки доступа

GFP: Тоҷикистон то ҳол ҳавопаймои низомӣ надорад


Ба иттилои таҳлилгарони Global Firepower, нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 6 ҳазор низомӣ ва 37 танк иборат аст. “Аммо артиши Тоҷикистон то ҳол ҳавопаймоҳои низомӣ надорад”, - гуфта шудааст дар арзёбии ин созмон.

Муаллифони арзёбӣ ба инанд, ки артиши Тоҷикистон то ҳол заиф аст ва бештаре аз техникаи низомии вай дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тавлид шуда, кайҳо фарсуда шудааст. Дар сурати сар задани ихтилоф ё нооромиҳои дохилӣ нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон водор мешаванд аз Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ (СПАД) кумак хоҳанд.

Дар арзёбии ҳамасолаи Global Firepower Тоҷикистон дар феҳрасти артишҳои нерӯманди 126 кишвари ҷаҳон ҷои 112-умро гирифтааст.

Тибқи ин пажуҳиш, артиши тоҷик аз 8800 афсар ва сарбоз иборат аст. Дар маҷмуъ, дар сохторҳои низомӣ ва ниманизомии Тоҷикистон 16 ҳазор сарбоз ҳисобида шудааст. Артиши Тоҷикистон 30 танки Т-72, ҳафт танки Т-62, 23 зиреҳпӯши пиёдагардҳо ва 23 зиреҳпӯши БТР, ҳавопаймои Ту-134 ва се чархболи навъи МИ дар ихтиёр дорад.

Артиши миллии Тоҷикистон дар оғози соли 1993 аз ҳисоби ҷузъу томҳои Фронти халқӣ, ки зидди мухолифони мусаллаҳ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ меҷангид, ташкил шудааст. Артиши Тоҷикистон дар муқоиса аз артишҳои кишварҳои дигари пасошӯравӣ чизеро аз артиши шӯравӣ ба мерос нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG