Додгоҳи шаҳри Душанбе ҷияни Ҳоҷӣ Ҳалимро ба хабар надодан аз ҷиноят айбдор кард. Падари Алишер Назаров, ки бародари Ҳоҷӣ Ҳалим буд, тибқи иттилои расмӣ дар тирпарронии 15-уми сентябри соли 2015 кушта шудааст. Додгоҳ ҳамчунин се узви оилаи Мукаммиловҳоро дар махфӣ нигаҳ доштани аслиҳаи генерали ошӯбгар айбдор кард.
Дар моҳи сентябри соли 2015 мақомоти Тоҷикистон муовини пешини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзодаро дар ошӯби мусаллаҳ айбдор карданд. Вай дар дараи Ромит кушта шуд ва қариб 200 нафари бо генерал иртибот дошта боздошт шуданд. Дар амалиёти низомӣ барои боздошти генерал 17 корманди сохторҳои қудратӣ кушта шуданд.
Дертар мақомот Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар омода кардани ин табаддулот айбдор карданд. Аммо ин иддаоро раҳбарони ин ҳизби акнун мамнӯъ дар Тоҷикистон рад карда буданд.