Ссылки доступа

Гурӯҳи Мински САҲА вазъи Қаробоғи Кӯҳиро баррасӣ мекунад


Имрӯз дар Вена Гурӯҳи Мински Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) вазъият дар Қарабоғи Кӯҳиро баррасӣ мекунад. Қарор аст, дар он намояндагони “сегонаи” ҳамраисони гурӯҳ -- Русия, Фаронса ва Иёлоти Муттаҳида ширкат кунанд.

Ризоияти баргузории чунин ҷаласа дар гуфтугӯи телефонии вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ҳосил шудааст. Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Русия, ду тараф ба зарурати қатъи фаврии даргириҳо таъкид кардаанд.

СММ мегӯяд, дар се рӯзи даргириҳои Қарабоғи Кӯҳӣ 33 нафар, аз ҷумла се сокини осоишта, кушта ва беш аз 200 кас захмӣ шудаанд.

Рӯзи душанбе сухангӯи ҷумҳурии худмухтори Қарабоғи Кӯҳӣ Артак Бегларян хабар дод, ки як ҳавопаймои бесарнишини озарбойҷонӣ ба автобусе зарба зад, ки дар дохилаш ихтиёрони арманӣ ба ҷабҳа мерафтанд. Дар ин ҳамла ҳафт нафар кушта шудаанд.

Дар хатти тамоси Қарабоғи Кӯҳӣ амалиёти низомӣ идома дорад ва ҷонибҳо изҳор медоранд, ки агар дагирӣ қатъ нашавад, онҳо ба ҷанги васеъ омода хоҳанд буд. Вазъият дар Қарабоғи Кӯҳӣ шаби шанбе ба ҳам хӯрд. Рӯзи якшанбеи 3 апрел Озарбойҷон аз қатъи якҷонибаи амалиёти низомӣ хабар дод. Арманистон дар навбати худ ин изҳороти Бокуро “найранги иттилоотӣ” унвон кард.

XS
SM
MD
LG