Ссылки доступа

Озарбойҷону Арманистон оташбас эълон карданд


Вазорати мудофиаи Озарбойҷон хабар медиҳад, ки амалиёти низомӣ дар Қарабоғи Куҳӣ манъ шуд. Тавре вазорат мегӯяд, бо ҷониби Арманистон дар ин бора ба созиш расидаанд. Вазорати мудофиаи Қарабоғи Куҳӣ низ ин хабарро тасдиқ мекунад.

Пештар аз ин президенти Арманистон изҳор дошта буд, ки омодааст, истиқлолияти Қарабоғи Куҳиро эътироф кунад. Ба гуфтаи вай, шиддат гирифтани амалиёти низомӣ дар минтақа на танҳо ба амнияти "Қафқози Ҷанубӣ, балки минтақаи Аврупо" таъсир мерасонад. Ҷониби Озарбойҷон гуфта буд, омодааст, ки дар сурати "аз ҳудудҳои ғасбшуда" берун рафтани артиши Арманистон оташбас эълон кунад.

Дар минтақаи низоъи Қарабоғи Куҳӣ шаби 2 апрел вазъият якбора бад гардид. СММ рӯзи душанбе хабар дод, ки танишҳои мусаллаҳ 30 қурбонӣ ва бештар аз 200 маҷруҳ ба бор овардааст.

Шаби сешанбе, ба иттилои ҳар ду ҷониби даргир, дар тамоми тӯли хатти Қарабоғи Куҳӣ "вазъ пуршиддат" будааст.

XS
SM
MD
LG