Ссылки доступа

Нахуствазири Қазоқистон ба Ереван намеравад


Нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов, ки мебоист 8-уми апрел ба мулоқоти раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ба шаҳри Ереван мерафт, сафарашро бекор кард.

Дар ин бора ба Хадамоти хабарии Осиёи Марказӣ аз дафтари матбуотии нахуствазири Қазоқистон хабар доданд. Муовини раҳбари хадамоти матбуотӣ Думан Хамит гуфт, ки ҳанӯз дар бораи сабабҳои бекор кардани сафари нахуствазир иттилоъ надорад.

Рӯзи сешанбе расонаҳои русӣ хабар доданд, эҳтимол дорад ҳамоиши нахуствазирони кишварҳои аъзои ИИАО ба вақти дигар гузаронида шавад. Ба навиштаи РБК, сабаби худдорӣ аз баргузории ҳамоиши нахуствазирон дар Ереванро ба ташаннуҷи вазъи дар Қаробоғи Кӯҳӣ бастагӣ медиҳанд.

Ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Русия, Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон ва Арманистон шомиланд.

XS
SM
MD
LG