Ссылки доступа

Террористи Брюссел фарроши Порлумони Аврупо буд


Яке аз террористоне, ки таркишҳои 22 марти Брюсселро роҳандозӣ карданд, дар гузашта дар Порлумони Аврупо фаррош будааст. Дар изҳороти порлумон гуфта мешавад, ки ин мард солҳои 2009-2010 тибқи шартномаи муваққат кор ҳамчун фаррош кор кардааст. Аммо Парлумони Аврупо номи ин мардро ошкор накардааст.

Расонаҳо менависанд, ки эҳтимол ин мард Наҷим Лаашрауи 25-сола аст. Бино бар иттилои додситонии Брюссел, Наҷим 22 март худро дар фурудгоҳ тарконд. Наҷим ҳамчунин дар омодасозии "камарбандҳои интиҳорӣ" барои маргталабоне, ки 13 ноябри соли 2015 дар Порис чанд таркиш анҷом доданд, гумонбар мешавад.

Дар натиҷаи силсилаи таркишҳо дар фурудгоҳи Завентем ва метрои Брюссел 22 март 32 нафар кушта шуд. Масъулияти ин таркишҳоро гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" ба зимма гирифт.

Ҳукумати Белгия пештар гуфта буд, ки дар воқеъ натавонистааст аз ин таркишҳо пешгирӣ кунад.

XS
SM
MD
LG