Ссылки доступа

Кэмерон иқрор кард, ки пештар дар офшор саҳм дошт


Нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон иқрор шуд, ки ҳамроҳ бо оилааш соҳиби саҳмия дар ширкати офшорие буданд, ки онро падари марҳумаш таъсис дода буд. Ба гуфтаи нахуствазир, ин саҳмияро вай бо оилааш дар соли 2010 бар ивази қариб 30 ҳазор фунт (тақрибан 42 ҳазор доллар) фурӯхтаанд.

Пештар Кэмерон гуфта буд, ки дар ҳеҷ ширкати офшорӣ саҳмия надорад, аммо шарҳ надод, ки чунин саҳмияҳо қаблан буданд ё на. Вай афзуд, ки ба маош ва ҳамчунин фоида аз пасандозҳояш зиндагӣ мекунад.

Мухолифони порлумонӣ хоста буданд, ки дар робита ба ёдоварӣ аз хешованди нахуствазир дар “ҳуҷҷатҳои панамагӣ” таҳқиқоти мустақил анҷом дода шавад. Идораи андозҳо ва масъалаҳои гумрукии Шоҳигарии Бритониё эълон дошт, ки мехоҳад, ин ҳуҷҷатҳоро ба таври амиқ биомӯзад.

Дар ҳуҷҷатҳои ахиран ифшошудаи ширкати офшории панамагии Mossack Fonseca гуфта шудааст, ки падари нахуствазир Иэн Кэмерон хазинаи офшориеро раҳбарӣ мекард, ки солҳои 1980 ташкил шудааст. Шахсони сарватманди бритониёӣ гӯиё ба воситаи ин хазина аз пардохти андозҳо фирор мекарданд.

XS
SM
MD
LG