Ссылки доступа

Хадича Исмоилова соҳиби ҷоизаи рӯзноманигории СММ шуд


Хадича Исмоилова, рӯзноманигори таҳқиқотгар, ки дар сафҳои болоии ҳукумати Озарбойҷон фасодро меҷуст, барои саҳмгузорӣ дар озодии баёни соли 2016 барандаи Ҷоизаи ҷаҳонии ЮНЕСКО/Гулермо Кано эълон шуд.

"Хадича Исмоилова барҳақ сазовори ин ҷоиза аст ва барои ман кордонию ҷасораташ бармалост", - гуфт президенти ин ҷоиза Лилиана Зурович.

Ҷоизаи ЮНЕСКО ба ифтихори рӯзноманигори колумбиёӣ Гилермо Кано, ки соли 1986 барои танқиди қочоқчиёни маводи мухаддир дар пойтахти Колумбия - шаҳри Богота кушта шуд, таъсис гардидааст. Рӯзноманигори рус Анна Политковская, ки дар соли 2006 кушта шуд, соли 2007 барандаи ин ҷоиза эълон гардида буд.

Хадича Исмоилова, ки бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дошт, бо айби дуздии моликият ва саркашӣ аз пардохти андоз дар зиндони Озарбойҷон адои ҷазо мекунад. Бисёриҳо бар ин боваранд, ки Хадича маҳз барои таҳқиқҳои рӯзноманигориаш дар бораи фасодкории мансабдорони баландпояи ҳукумати Озарбойҷон зиндонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG