Ссылки доступа

Интихоботи миёндавраии Тоҷикистон бе мухолифон гузашт


Рӯзи якшанбе дар ду ноҳияи Тоҷикистон – Фирдавсии пойтахт ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд интихоботи миёндавраӣ ба Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон баргузор шуд.

Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъпурсии Тоҷикистон интихоботи миёндавраӣ дар ду ҳавзаи интихоботиро баргузоршуда эълон кард. Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои як курсии вакили порлумон номзадҳои чаҳор ҳизб мубориза бурданд: Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Демократӣ, Кишоварзӣ ва Ҳизби халқӣ-демократӣ. Аммо дар ҳавзаи интихоботии 16-уми Ҷаббор Расулов намояндаҳои танҳо ду ҳизб ширкат доштанд: Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Ҳизби кишоварзӣ ва боз як номзади мустақил.

Аммо дар ин интихоботи миёндавраӣ намояндаҳои ҳизби Коммунист ва Сотсиал-демократ, ки дар порлумон соҳиби курсӣ нестанд, ширкат накарданд.

Ҳоло 51 курсӣ аз тамоми 63 курсии Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистонро Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар ихтиёр дорад. Ҳизби кишоварзӣ 3 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 2 ва ҳизбҳои демократӣ ва сотсиалистӣ ҳар кадоме як курсӣ доранд.

Дар интихоботи 1 марти соли 2015 ду ҳизб – коммунистҳо ва ҲНИТ аз курсиҳои худ дар порлумон маҳрум шуданд. Мухолифон мегӯянд, амалан тамоми порлумон аз тарафи ҳизби ҳоким ва ҳизбҳои ҷонибдори раҳбарият идора шуда, мухолифон ба порлумон роҳ наёфтаанд.

XS
SM
MD
LG