Ссылки доступа

Сабзавоти арзони Қирғизистон кишоварзони қазоқро касод мекунад


Ба иттилои шабакаи телевизионии “Остона”, дар пайи воридоти сабзавоти арзон аз Қирғизистон бозори ин намуди маҳсулот ғанӣ шуда, пиёз ва картошка дар вилояти Павлодари Қазоқистон ду баробар арзон шудааст. Хабар дода мешавад, ки кишоварзони маҳаллӣ барои фурӯхтани ҳосили соли гузашта водор мешаванд ба зарари худ нархи онро арзон кунанд.

Ба иттилои ин шабакаи телевизионӣ, кишоварзон ночоранд маҳсулоти худро арзон кунанд, вагарна ҳосил талаф меёбад.

Раҳбари бахши хазинаи хоҷагии деҳқонии “Маяк” Еркин Алмагамбетов хабар дод, ки баъд аз роҳандозии қоидаи Иттиҳоди гумрукӣ тамоми бозори минтақаи Алмаато бо картошкаи арзони кишоварзони Қирғизистон пур шудааст. Ба гуфтаи вай, ба ҳамин сабаб хоҷагии онҳо низ водор шуд нархҳоро поён оранд.

Кишоварзони қазоқ бар инанд, ки ин мушкил бояд дар сатҳи ҳукуматӣ ҳал шавад. Онҳо мегӯянд, ки мақомот бояд истеҳсолкунандаҳои ватаниро ҳимоят кунанд.

XS
SM
MD
LG