Ссылки доступа

Шахсияти ҳамлагарон ба бахши пулиси Русия муайян шуд


Тафтишот шахсияти се марди ҳамлагар ба бахши пулис дар Ставраполеро муайян кард. Ба иттилои Кумитаи тафтишотии Русия, инҳо сокинони деҳаи Китаевскии ноҳияи Новоселитск Заур Акаев, Рамазан Хайбулаев ва Исай Абдулатипов ҳастанд. Ин се нафар дар гузашта барои ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла қатл суд шудаанд.

Ёдовар мешавем, субҳи 11-уми апрел се нафари бо норинҷакҳо мусаллаҳ ба бахши пулис дар маркази ноҳияи Новоселитск ҳамла карданд. Ду ҳамлагар кушта шуданд ва севумӣ худро тарконид. Дар миёни маъмурони пулис ва аҳолӣ осебдидаҳо нестанд. Танҳо чанд мошин ва бинои бахши пулис зарар дидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ноҳия низоми амалиёти зиддитеррористӣ идома дорад.

Хадамоти матбуотии губернатори минтақа хабар дод, ки дар деҳаи Новоселитск ба сабаби амниятӣ мактабҳо ва боғчаҳои бачагона барои ду рӯз баста шудаанд.

Дар фурудгоҳҳои Минералние Води ва Ставрапол низ тадбирҳои амниятӣ тақвият ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG